Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 20-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав дар доираи татбиқи Барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) ва ҷаласаи раҳбарияти шӯрои он дар мавзӯи «Шарикӣ дар соҳаи сармоягузорӣ барои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамгиройӣ дар Осиёи Марказӣ» ҳамоиши иқтисодӣ баргузор мешавад.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласаҳои ҳамоиш намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия - тоҷирону сиёсатмадорони маъруф, иқтисодчиёни созмонҳои байнулмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ масоили дурнамои рушди зерсохтори нақлиёт, соддакунии тартиботи убури марзҳо, истифодаи босамару оқилонаи захоири энергетикӣ ва обии минтақаи Осиёи Марказӣ, роҳу воситаҳои ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани молу маҳсулот ва ашёи хом ва бозсозии корхонаҳои саноатӣ бо мақсади таъсиси ширкатҳои байнулмилалии рақобатпазирро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Дар кори ҳамоиш роҳбарони як қатор вазорату идораҳои марбутаи кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Русия, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, мансабдорони воломақоми СММ ва созмонҳои байнулмилалӣ ширкат хоҳанд варзид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста