Душанбе. 17-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе Анҷумани панҷуми Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба кор оғоз кард.
Тавре муовини аввали палата Одил Сангов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар кори анҷуман намояндагони корхонаву муассисоти узви палата, намояндагиҳои палатаи савдо ва саноати кишварҳои хориҷӣ ва кормандони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. Дар маросими ифтитоҳи анҷуман муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов суханронӣ хоҳад кард.
Дар анҷуман шарҳи ҳисоботи фаъолияти палата дар панҷ соли ахир шунида шуда, соҳибкорони тоҷику хориҷӣ бо маърӯза баромад хоҳанд кард. Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳ изҳороти сарвари давлат ба иштирокчиёни анҷуман, ки дар он вазифаҳои минбаъдаи палата муайян карда мешаванд, қироат хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки анҷумани палата дар панҷ сол як маротиба даъват мегардад. Тибқи маълумоти ахир, 400 корхонаву муассисоти Тоҷикистон узви палата мебошанд. Дар хориҷи кишвар беш аз 50 намояндагии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон амал мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста