Душанбе. 17-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани То ҷ икистон» аз ибтидои сол то ин муддат 3 локомотив, 35 вагони мусофирбар, 150 вагони боркаш ва 30,1 км хати роҳи оҳанро ба маблағи 35 миллион сомон ӣ аз таъмири асос ӣ баровардааст.

Дар ин муддат корхона 8 вагони нави боркаш харида, тасмим гирифтааст, ки боз 20 адад чунин вагонро дастрас намояд, хабар медиҳад сомонаи «Ҷумҳурият».