Душанбе. 18-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Муаллимаи забону адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти умумии рақами 10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сабоҳат Шералиева ғолиби озмуни «Муаллими беҳтарини соли 2008» дониста шуд.
Ба иттилои сухангӯи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, ғолиби озмун ба унвони «Аълочии маориф» сазовор дониста шуда, ба ӯ телевизори ранга ва
DVD
, ки арзишаш ба 2000 сомонӣ баробар аст, тақдим карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки дар озмуни мазкур 8 нафар ғолибони озмунҳои минтақавӣ иштирок карданд. Ширкаткунандагони озмун дар бахшҳои гузаронидани дарс, аз рӯйи ихтисос, таҳияи нақшаи гузаронидани он, пешниҳод намудани дараҷаи эҷоди худ, кор бо компютер ва маҳорати баргузории соати тарбиявӣ бо ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
Соли гузашта омӯзгори забони англисии литсеи рақами 55-и шаҳри Душанбе муаллими беҳтарини сол дониста шуд. Баргузор намудани чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониши омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ ва дар ин замина ба бедор кардани ҳисси муҳаббат ва завқи онҳо нисбат ба касби пурифтихори омӯзгорӣ мусоидат мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста