Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи минтақавии
USAID
дар шаҳри Душанбе барои намояндагони бахши хусусии иқтисоди Тоҷикистон семинар дар мавзӯи «Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ва танзими тиҷорат дар соҳаи хизматрасонӣ тибқи талаботи СҶТ» ба кор шурӯъ кард.
Тавре менеҷери минтақавии робита бо ҷомеаи лоиҳаи мазкур Василина Бражко ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар семинар атрофи масоили мусоидат ба ҳукумати ҷумҳурӣ барои омӯзиши дақиқи Созишнома дар бораи тиҷорат дар соҳаи хизматрасонӣ, ки дар қатори Созишнома дар бораи кишоварзӣ ва Созишнома дар бораи моликияти зеҳнӣ яке аз созишномаҳои калидӣ барои узвият ба СҶТ маҳсуб мегардад, табодули афкор сурат хоҳад гирифт.
«Соли 2001 президенти Тоҷикистон дар Паёми худ ба парлумони ҷумҳурӣ оид ба узвияти ҳарчӣ зудтари кишвар ба созмон ибрози назар намуда, бори дигар собит сохт, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ба ислоҳоти заминаи қонунгузорӣ ва иқтисодӣ мувофиқи талаботи СҶТ омода аст», - гуфт коршиноси масоили тиҷорат дар соҳаи хизматрасонии лоиҳаи
RTLC
Ричард Селф ва афзуд, ки изҳороти мазкур қарори қатъии кишварро ҷиҳати пайвастан ба иқтисоди минтақавиву ҷаҳонӣ нишон медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста