Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Баъди таваққуфи 15-сола пойгоҳҳои обкашии «Қаратоғ-2» ба кор дароварда шуд, ки барои обшор кардани зиёда аз
Дирӯз дар нишасти матбуотӣ муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Камол Нуралиев изҳор дошт, ки тайи 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва омодасозии иншооти обёрӣ корҳои муайян ба анҷом расидаанд. Дар ин давра ба маблағи беш аз 4 млн. сомонӣ корҳои мелиоративӣ иҷро гардиданд.
Ба қавли К.Нуралиев, соли ҷорӣ барои обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ба миқдори 47 млрд. 91514 ҳазор метри мукааб об дода шудааст. Дар ҳамин ҳол, муовини вазир саривақт напардохтани ҳаққи хизмати обрасониро яке аз мушкилоти асосии соҳа арзёбӣ кард. «Айни замон қарзҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ дар назди идораҳои давлатии хоҷагии оби ноҳияҳо 133 млн. 840 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки айни замон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи соҳаи обёрӣ ва беҳбуди ташкили кори хоҷагии об дар назди Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ 5 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 145,91 млн. доллари амрикоӣ татбиқ мегардад. Аз ин маблағҳо
$58
млн. азхуд карда шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста