Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз мулоқоти кории раҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо ҳайати Вазорати умури дохилии Финландия таҳти сарварии вазири умури дохилии ин кишвар Анне Холмлунд баргузор гардид.
Тавре аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии кумитаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот масоили ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир тавассути марз бо Афғонистон, таҳкими назорат аз болои қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубориза алайҳи терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароии динӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои беҳбуди вазъ дар марз бо Афғонистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Дар анҷоми мулоқот ҷониби Финландия изҳор дошт, ки дар ҳалли мушкилоти мавҷуда дар марзҳо омода аст, ба Тоҷикистон кӯмаки молиявӣ расонад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста