Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) Шариф Раҳимзода имрӯз ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ӯҳдадориҳояшро оид ба баргардонидани қарзи талабкардаи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА), ки ба таври истисно аз моҳи январи соли 2004 то феврали соли 2006 дар доираи татбиқи барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ ба Тоҷикистон ҷудо гардида буд, иҷро карда истодааст.
Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ ХБА дар асоси гузориши мудири масъули тақсимоти маблағҳо, аз Тоҷикистон талаб кард, ки ба Хазина 47,4 миллион доллари амрикоӣ маблағҳоеро, ки бо роҳи рӯйпӯш кардани маълумоту нишондиҳандаҳо гирифтааст, дар шаш навбат пардохт намояд. Пардохти маблағи нахустини қарз 5-уми сентябри соли 2008 ва охирин на дертар аз 5-уми феврали соли 2009 бояд амалӣ гардад.
Ба қавли Ш.Раҳимзода, феълан Тоҷикистон дар ду навбат $15 млн. аз маблағи умумии қарзро пардохтааст. «Мо омодаем кадом вақте набошад, маблағи боқимондаро низ пардохт кунем»- гуфт раиси БМТ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста