Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ният дорад аз соли оянда тартиби навбатро барои зиёрати хонаи Каъба ҷорӣ созад.
Тавре сардори Раёсат оид ба корҳои дини вазорат Саидбек Маҳмадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чунин тартибот дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Эрон муддати 10 сол аст, ки амал мекунад. Номбурда мегӯяд, ки ин иқдом бинобар сол аз сол афзудани сафи хоҳишмандони зиёрати Каъба дар ҷумҳурӣ пеш гирифта мешавад. «Зоирине, ки имсол муяссарашон нагашт ба ҳаҷ раванд, ба рӯйхати навбати соли оянда дохил карда мешаванд», - гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ, айни замон рӯйхати ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли равон сафари хонаи Каъба мераванд, омода шудааст. Имсол аз 5 ҳазор квотаи ҷудошудаи Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон 138 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 1 ҳазору 328 нафар аз вилояти Суғд, 1 ҳазору 538 нафар аз вилояти Хатлон, 494 нафар аз шаҳри Душанбе ва 1 ҳазору 2 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ ба зиёрати хонаи Каъба раҳсипор хоҳанд шуд.
С.Маҳмадуллоев афзуд, ки гурӯҳи аввалини зоирин аз Тоҷикистон 17-уми ноябр озими Арабистони Саъудӣ мегарданд. Ҳамлу нақли зоирин ба дӯши ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» вогузор шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста