Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати бародаршаҳри Душанбе - шаҳри Санкт-Петербурги Русияро таҳти сарварии раиси Кумитаи шуғли аҳолии ҳукумати ин шаҳр Павел Панкратов ба ҳузур пазируфт.
Тавре сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот масоили ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқ ва будубоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, П.Панкратов пешниҳод кардааст, ки дар чаҳорчӯбаи таҷлили ҷашни 10-солагии бародаршаҳр гаштани шаҳрҳо соли оянда дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург ва минбаъд Рӯзҳои Душанбе дар ин шаҳр гузаронида шуда, чунин чорабинӣ мунтазам доир гардад. Ин пешниҳод аз тарафи М.Убайдуллоев ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста