Душанбе. 25-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар 9 моҳи соли равон сандуқи депозитии Ҷамъияти саҳомии кушоди «Бонки Эсхата» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 100 дарсад афзуда, 57 млн. 755 ҳазор сомониро (беш аз $17 млн.) ташкил дод.
Тавре аз дафтари матбуоти бонки мазкур хабар доданд, афзоиши сандуқи депозитӣ ба болоравии андозаи ҳаҷми сандуқи қарзӣ низ мусоидат кардааст. «Ба 1-уми октябри соли ҷорӣ сандуқи қарзии бонк ба 157 млн. сомонӣ баробар шуд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 131 дарсад бештар аст», - изҳор дошт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Бонки Эсхата» тарзи тозаи маблағгузорӣ - «Маблағгузорӣ бо асъори гуногун»-ро мавриди истифода қарор дод.
Дар шарҳи масъалаи мазкур сардори шӯъбаи тиҷорати чаканаи бонк Бахтиёр Ҳошимов чунин ибрози назар намуд, ки ин тарзи маблағгузорӣ ба маблағгузории мултиасъорӣ, ки дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Русия хеле рушд ёфтааст, қаробат дорад.
Номбурда изҳор дошт, ки маблағгузорӣ бо асъори гуногун махсусан ҳангоми шадидан болову поин рафтани қурби асъор даромади зиёд меорад. «Бо назардошти вазъи имрӯзаи номусоиди бозори молиявии ҷаҳон, мо қарор додем, ба мизоҷон хизматрасонии эҳтиёти маблағҳо аз таваррум ва поин рафтани қурби асъорро пешниҳод созем», - гуфт Б.Ҳошимов ва афзуд, ки мизоҷ на танҳо маблағи худро эмин нигаҳ медорад, балки имконият пайдо мекунад, ки аз он даромади бештар бигирад.
Ба қавли корманди бонк, миқдори фоизҳои ин тарзи маблағгузорӣ чун маблағгузориҳои дигари инфиродӣ вобаста ба тарзи асъор аз 18 то 20 дарсади солонаро ташкил медиҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста