Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нишасти матбуотӣ раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев изҳор дошт, ки маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» рӯзҳои 5-6-уми ноябр доир мегардад.
Ба гуфтаи ӯ, бо мавриди истифода қарор гирифтани агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва оғози воридоти барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ аз 1-уми ноябр ҳаҷми интиқоли барқ ба минтақаҳои кишвар афзуда мешавад. «Аз ин ба баъд аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳамарӯза ду соат бештар - 4 соат субҳ ва 4 соат шом бо барқ таъмин карда хоҳанд шуд», - гуфт ӯ.
Раиси ширкат ҳамчунин зикр кард, ки аз замони ҷорӣ сохтани маҳдудияти истифодаи барқ сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи «Норак»
Ёдрас мекунем, ки агрегати аввали нерӯгоҳ 20 январи соли ҷорӣ ва дуввум моҳи июли соли ҷорӣ ба кор даромад. Айни ҳол агрегатҳо бо иқтидори 150 то 200 мегават дар як шабонарӯз кор мекунанд.
Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.
Маблағи умумии сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» 720 млн. доллари амрикоӣ буда, сармоягузории ҷониби Русия аз сарчашмаҳои гуногун 450 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳанд. Маблағи сармоягузории собиқ ширкати РАО «ЕЭС»-и Русия ба $127,5 млн. баробар буда, саҳми Тоҷикистон 121 млн. доллари амрикоӣ аст.
Татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бузургтарин лоиҳа бо иштироки Русия арзёбӣ мешавад. Мавриди истифода қарор гирифтани он ба беҳбуди таъмини бозори дохилии ҷумҳурӣ бо барқ ва танзими ҳамарӯзаи ҷоришавии оби рӯдхонаи Вахш мусоидат хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста