Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз намояндагони мардумӣ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомнома оид ба минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд» ва «Панҷ»-ро тасдиқ карданд.
Дар маърӯзааш назди намояндагони мардумӣ муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Амонулло Ашӯр гуфт, ки лоиҳаи санади мазкур баҳри рушди бахши саноат, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар таҳия гардидааст.
«Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд, дар майдони
Зикр гардид, ки дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба масъалаҳои азхудкунии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ҷалби сармояву технологияи ҷадид таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд. «Дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» асосан маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ коркард хоҳад шуд», - афзуд Амонулло Ашӯр.
Ба гуфтаи муовини аввали вазир, корхонаҳои мустақар дар ин минтақаҳо ба ҷуз пардохти андози иҷтимоӣ, аз пардохти андозҳои дигар озод карда мешаванд ва ҳангоми гирифтани раводид ба шаҳрвандони хориҷие, ки хоҳиши фаъолият дар он мекунанд, имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Амонулло Ашӯр изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик бо қарори ҳукумат роҳбарони минтақаҳо таъин гардида, кор шурӯъ мешавад.
Қобили зикр аст, ки бори нахуст дар ҷумҳурӣ минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис меёбанд ва интизор меравад, ки минбаъд боз ду минтақаи озоди иқтисодии дигар - дар ноҳияи Ишкошим ва Хатлон низ ташкил карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҶТ» 17-уми майи соли 2004 қабул гардида буд.



Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд
Дар маҷлиси навбатии ҳукумат омодагии кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2026-2027 баррасӣ шуд
Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026
Боздид аз Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ва Қалъаи Бухоро. Эмомалӣ Раҳмон дар Бухоро кадом мавзеъҳоро зиёрат кард?
Тахриби манзил дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон ҷуброн гирифт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста