Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар нақлиёти ҷумҳурӣ аз фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бори дигар эрод гирифта шуд. Ба ин шӯро намояндагони Додситонӣ дар нақлиёт, Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёт, Хадамоти гумрук, Кумитаи марзбонии ҷумҳурӣ ва мутахассисони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» шомиланд.
Ба гуфтаи сухангӯи додситонӣ дар нақлиёти ҷумҳурӣ Оқилҷон Султонқулов, моҳи сентябри соли ҷорӣ барои санҷиши фаъолияти кормандони роҳи оҳан дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Саратов-Москва-Душанбе аз ҳисоби аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз комиссия таъсис дода шуда буд. Аъзои комиссия санҷиши шароитҳои ҳамлу нақли мусофирон ва сатҳи хизматрасониро мавриди санҷиш қарор доданд.
«Дар ҷаласа аъзои комиссия дар мавриди натиҷагирӣ аз санҷиш изҳор доштанд, ки феълан ҳолати вагонҳо ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои санитариву гигиенӣ нестанд ва сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон паст аст, - зикр кард манбаъ, - Дар хатсайр ҳолатҳои бидуни чипта ба қатора савор кардани мусофирон, тафтиши ғайриқонунии ҳуҷҷатҳо ва борхалтаҳои муофирон ва муносибати дағалона аз ҷониби кормандони роҳи оҳани кишварҳои ҳамсоя ҷой доранд».
Иштирокдорони ҷаласа ба хулосае расиданд, ки камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ба обрӯву нуфузи Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонанд.
Тасмим гирифта шуд, ки асноди зикри камбудиву норасоиҳо ва тавсияву пешниҳодҳои шӯро ҷиҳати бартараф сохтани онҳо ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳанд шуд. «Масоиле, ки ҳалли он бо иштироки кишварҳои хориҷӣ имкон дорад, бояд дар сатҳи Вазорати умури хориҷии кишвар ҳаллу фасл гардад», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста