Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар як нишасти матбуотӣ муовини раиси мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе Рустам Раҳматов изҳор дошт, ки Маркази барқу гармидиҳии пойтахт аз 1-уми ноябри соли ҷорӣ ба кор шурӯъ мекунад.
Ба қавли ӯ, дар марҳилаи аввал марказ ҳамарӯза 2,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ ва 650 гигакалорий гармӣ истеҳсол хоҳад кард. «Корхона қодир аст, ки наздик ба 1 ҳазору 300 бинои шаҳрро бо гармӣ ва оби гарм таъмин созад, ки ин 34,9 дарсади миқдори умумии биноҳои пойтахтро ташкил медиҳад», - гуфт ӯ ва афзуд, ки соли гузашта 950 адад бино бо гармиву оби гарм таъмин буданд.
Р.Раҳматов мегӯяд, мушкилоти асосии корхона дар норасоии гази табиӣ аст ва коршиносони Русия пас аз санҷиш истифодаи сӯзишвории омехта аз ангишт ва обро тавсия додаанд, ки аз ҷиҳати экологӣ безарар аст. «Ширкати «Барқи тоҷик» бо яке аз корхонаҳо Русия оид ба дастрасии технологияи истеҳсоли чунин сӯзишворӣ қарордод баст ва ояндаи наздик ин таҷҳизотии технологии ҷадид ба марказ оварда мешавад», - гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки айни замон марказ бо сӯзишвории мазут кор мекунад, ки захираи он 20 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста