Вазир аз густариши робитаҳо бо Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва соири кишварҳои хориҷии дур изҳори қаноатмандӣ кард.
-Ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷии дур, - афзуд Ҳ. Зарифӣ, - бо ифтитоҳи сафоратхонаҳои нав вусъати тоза мегиранд. Масалан, ба наздикӣ дар Фаронса сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ меёбад. Мо дар масъалаи тайёр кардани кадрҳои варзидаи дипломатӣ то ба имрӯз ба як қатор мушкилот рӯ ба рӯ мешудем. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости Вазорати корҳои хориҷӣ масъалаи
соли оянда дар Душанбе кушодани Донишкадаи дипломатиро маъқул донист.
Дар посух ба суоли вобаста ба вазъи дохилии
Афғонистон Ҳамроҳхон Зарифӣ чунин посух дод: «Вазъи дохилии Афғонистон имрӯзҳо дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Оид ба ин масъала вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Париж мулоқоти судманд доштанд. Конфронси байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир, ки дар Душанбе 21 октябр, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барпо гардид, давоми мантиқии ҳамон мулоқот буд. Моҳи декабр боз дар Париж вазирони корҳои хориҷии минтақа ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд». Дар ин бора сомонаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» хабар медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста