Душанбе. 1-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров изҳор дошт, ки системаи гармидиҳии макотиб ва кӯдакистонҳои пойтахт пурра аз таъмир бароварда шуда, ба мавсими зимистон омодаанд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки на ҳамаи муассисот бо системаи марказии гармидиҳӣ пайваст карда шудаанд. «Раҳбарияти шаҳр супориш дод, ки чунин муассисот барои гарм нигоҳ доштани биноҳои мактабу кӯдакистонҳо бухориҳои барқӣ харида, чораҳои дигари иловагӣ низ андешанд», - гуфт ӯ.
Мувофиқи маълумоти ҳукумати пойтахт, феълан дар шаҳри Душанбе 101 мактаби таҳсилоти умумӣ ва 82 кӯдакистон амал мекунад. Ёдовар мешавем, ки мавсими гармидиҳӣ дар пойтахт аз ҳамин рӯз оғоз мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста