Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷаласаи маҳфили иқтисодии Авруосиё, ки ахири моҳи ҷорӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор мешавад, иқтисодчиёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сабаб, хавфҳои глобалӣ ва оқибатҳои бӯҳрони моливии ҷаҳонро муҳокима хоҳанд кард.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар қатори иқтисодчиёни шинохта аз Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Украина дар ҷаласаи мазкур иштироки ҳайати Тоҷикистон низ дар назар аст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин баррасии масъалаи таъсиси мукофотпулии маҳфил ба маблағи 10 ҳазор доллари ИМА барои 2 олими беҳтарин низ ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили иқтисодии олимони Авруосиё бо ташаббуси президенти Қазоқистон баҳори соли 2008 таъсис ёфтааст. Беш аз 20 пажӯҳишгоҳи илмӣ ва макотиби олии кишварҳои узви ИДМ муассисони маҳфил мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста