Душанбе. 4-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон директори шабакаи нави телевизионии «Ҷаҳоннамо» Абдумаҷид Усмонов таъин гардидааст. Мавсуф то ин вақт ба ҳайси муовини раиси шабакаи телевизионии «Сафина» ифои вазифа мекард.
Муовини мудири шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо», сармуҳаррири собиқи идораи иттилоотии «Ахбор»-и шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон - Сӯҳроб Рауфов таъин шудааст.
Хотиррасон мекунем, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» дар маҷлиси ахири ҳукумати кишвар тасдиқ карда шуд. Шабакаи нави телевизионӣ, ки қарор аст шабонарӯзӣ 24 соат барнома пахш хоҳад кард, фардо 5-уми ноябр, дар остонаи Рӯзи ҷашни қабули Сарқонуни мамлакат ба фаъолият шурӯъ мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста