Радиои мазкур баъди радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози Тоҷик» чаҳорумин шабакаи давлатии радиоӣ буда, минбари аҳли фарҳангу зиёиёни тоҷик хоҳад буд. Радиои мазкур бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радио таъсис ёфта, аз сиёсати фарҳангдӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҷлили 1150-солагии устод Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон гардидани соли 2008, мебошад. Тӯли 24 соат гуфтору барномаҳо, гузоришу мусоҳибаҳо бо олимону донишмандон ва ҳунармандону адибон пешниҳоди шунавандагон гардида, баъди ҳар 3 соат ахбори фарҳангӣ садо медиҳад.
Радиои «Фарҳанг» натанҳо муаррифгари таъриху адабиёту фарҳанг ва ҳунармандони ақвоми ориёӣ, балки тамоми халқҳои сайёра мебошад. Барномаҳои «Меҳрнома», «Авесто», «Рози суфӣ», «Тозанашр», «Асрори коинот», «Сафои шеър», «Сӯҳбати соҳибдилон», «Ахтарони адаб», «Тафсири Табарӣ», «Луғатнома», «Таронаҳои қарни XX», «Ғалат мегӯем», «Тибби Шарқ», «Чеҳраҳои намоёни таърих» теъдоде аз гуфтору барномаҳое мебошанд, ки тариқи шабакаи «Фарҳанг» садо медиҳанд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста