Душанбе. 5-уми ноябр - Як ширкати эронӣ ба таъсиси корхонае муштарак бо Тоҷикистон барои тавлиди мошинхои дарав ва хирманкӯбӣ ибрози алоқамандӣ кардааст.
Бозаргонон ва соҳибони корхонаҳои давлатӣ ва хусусии Эрон, ки барои ширкат дар намоишгоҳи байналмилалии "Агрофуд" вориди Душанбе шудаанд, рӯзи сешанбеи 4 ноябр, дар ҷамъи хабарнигорон гуфтанд, ки дар канори ироаи колоҳо ба ин намоишгоҳ қасд доранд мавзӯъи таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистонро бо мақомоти тоҷик матраҳ кунанд.
Ҳамид Ризо Султонӣ, раиси ширкати "Агротех Хуросон"-и Эрон таъкид кард, ки намояндагони ин ширкат дар зарфи ду соли ахир бозори фурӯши таҷҳизоти фаннӣ, бо шумули кумбойнҳо ё мошинхои дарав ва хирманкубӣ барои бахши кишоварзии Тоҷикистонро пажӯҳиш кардаанд.
Ба гуфтаи оқои Султонӣ, дар шароити феълӣ муҷтамаъҳои кишоварзии Тоҷикистон ба троктур ва кумбойнҳое, ки маводди сӯхтӣ камтар масраф карда ва қиматашон чандон гарон нест, бештар ниёз доранд.
Гуфта мешавад, ҳоло дар мазореъи кишоварзии Тоҷикистон умдатан аз кумбойнҳои сохти Русия ва Чин истифода мешавад ва ширкати эронӣ дар садад аст дар ин бозор вориди рақобат шавад.
Ҳамид Ризо Султонӣ гуфт, ки бо миёнҷигарии "Агроинвестбонк"-и Тоҷикистон бонкҳои Эрон ба тоҷирон ва кишоварзони тоҷик барои харидории кумбойни мудели "Ҷондиер"-и ин кишвар вомҳои бо баҳраи то хафт дарсад ихтисос додаанд.
Гуфта мешавад то ҳол бархе аз муҷтамаъҳои кишоварзии Тоҷикистон кумбойни "Ҷондиер"-ро харидорӣ карда ва кишоварзони тоҷик аз наҳваи кори он ибрози қаноъатмандӣ кардаанд.
Аз ин лиҳоз, ширкати "Агротех Хуросон"-и Эрон дар садад аст дар Тоҷикистон корхонаи муштараки тавлиди кумбойнро таъсис кунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста