Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон нархи сӯзишвории бензин то беш аз 15 дар сад коҳиш хоҳад ёфт.
Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар доданд.
Ба гуфтаи сарчашма, чанде қабл бо ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба бозори Точикистон тавофуқе ҳосил шуда, ки дар асоси он, нархи бензини навъи АИ-95 дар охири моҳи ноябр 2 сомониву 70 дирамро ташкил хоҳад дод.
Айни замон дар нуқтаҳои фурӯши бензини пойтахт, қиммати ҳама навъҳои бензин то 30 дирам коҳиш ёфта, алъон як литр бензини навъи АИ-76 - 2 сомониву 90 дирам, АИ-92 - 3 сомониву 10 дирам ва АИ-95 - 3 сомониву 30 дирам арзиш дорад. Сӯзишворӣ ба Тоҷикистон асосан аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ворид мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста