Душанбе. 8-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) Сударшан Канагараҷа дар Душанбе изҳор дошт, ки бар асари бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ Тоҷикистон метавонад аз даромади қисмате аз молҳои содиротӣ хисорот бинад.

            Номбурда зикр кард, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба коҳиши талаботи молҳои содиротӣ аз кишварҳои шарики муносиботи тиҷоратии Тоҷикистон боис шуда метавонад.

            «Дар маҷмӯъ, бӯҳрони молиявии сартосарӣ бевосита ба Тоҷикистон таъсир нахоҳад гузошт, зеро иқтисоди Тоҷикистон на он қадр рушдёфта аст ва мутаносибан ба бозори молиявии ҷаҳонӣ робитаи зич надорад», - гуфт ӯ.

            Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ асосан алюминий, нахи пахта ва дар мавсими зимистон ба миқдори на он қадр зиёд нерӯи барқ содирот мекунад.