Душанбе. 11-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ки 1-уми октябр оғоз гардид, то имрӯз 80 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати мудофиаи кишвар - Фаридун Муҳаммадалиев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Зафаробод ва шаҳрҳои Табошар, Қайроққум ва Чкаловск дар вилояти Суғд, шаҳри Норак ва навоҳии Носири Хусрав, Ховалинг ва Балҷувон дар вилояти Хатлон, ноҳияи Мурғоб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ӯҳдаи иҷрои сад дар сади нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баромаданд.
«Нахустин ва ҳанӯз ягона ноҳияе, ки аз миёни навоҳии тобеъи марказ аз анҷоми иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмат хабар дод, ин нохияи Варзоб мебошад», -
гуфт Муҳаммадалиев.
Инак то имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба андозаи 70 дарсад, Хатлон 84 фоиз, навоҳии тобеъи марказ 75, Суғд 79 ва шаҳри Душанбе 78 фисад иҷро гардидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста