Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар вохӯрии вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо роҳбари намояндагии Бонки рушди Осиё (БРО) дар Тоҷикистон Шуенлин Лю масъалаи таҳияи стратегияи фаъолияти бонк дар бахши кишоварзии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот зикр шуд, ки бо дастгирии молиявии БРО дар ҷумҳурӣ 3 озмоишгоҳ мавриди истифода қарор гирифта, аз Амрико барои муайян кардани меъёри сифати нахи пахта аз рӯи талаботи байнулмилалӣ 2 таҷҳизот харида шудааст.
Номбурда инчунин изҳор дошт, ки БРО ҷиҳати бунёди ду коргоҳи тухмитозакунӣ дар минтақаи шимолу ҷануб ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ $2 млн. маблағ ҷудо карданист ва ин масъала айни замон ҳаллу фасл мегардад.
Н.Додобоев афзуд, ки вазир ба намояндаи бонк роҳандозии минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи картошкапарварӣ, парвариши сабзавот, зироатҳои техникӣ, гандум ва барои парвариши тухмии хушсифат дар заминаи хоҷагиҳои тухмипарва бунёд кардани озмоишгоҳҳои замонавиро пешниҳод сохт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста