Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Миёни ширкати «Укрважмаш»-и Украина ва Вазорати энергетка ва саноати Тоҷикистон оид ба сохтмони нерӯгоҳи обиву барқӣ дар ноҳияи Данғара ва нерӯгоҳи Сарвоз дар рӯдхонаи Кофарниҳон тавофуқ ҳосил шуд.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ноҳияи Данғара сохтмони нерӯгоҳ бо иқтидори 5 МВт ва дар рӯдхонаи Кофарниҳон бо иқтидори 50 МВт пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, вазорат ӯҳдадор шудааст, ки ба ширкати украинӣ ҷиҳати таҳияи заминаи фаниву иқтисодии лоиҳаи нерӯгоҳҳо маълумоти заруриро пешниҳод созад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки барои татбиқи ин лоиҳаҳо ширкати «Укрважмаш» ӯҳдадор гаштааст, ки то 1-уми январи соли оянда лоиҳаи хароҷоти молиявии тарҳҳоро омода сохта, то 1-уми марти соли 2009 бошад, ширкати сохтмонии иншоотҳоро таъсис диҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста