Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс»-«Фергана.Ру» - Хабаргузории Регнум бо истинод ба сарчашмаҳои мӯътамад дар мақомоти раҳбарии яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад, ки Ӯзбекистон аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) даст мекашад.
Тибқи иттилои манбаъ, Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон ба Котиботи ЕврАзЭС тахминан рӯзҳои 16-17-уми октябр санади расмие дар ин хусус ирсол кардааст ва тибқи баъзе маълумот, акнун дар Тошканд то 25-уми ноябр посухи тартиби хориҷ шудан аз иттиҳодро интизоранд.
Дар хадамоти матбуоти ЕврАзЭС ба хабаргузории Фергана.Ру аз шарҳи ин матлаб худдорӣ намуданд. Сухангӯи дабири кулли иттиҳод Вячеслав Ковалев ба оҷонсии Регнум изҳор доштааст, ки чандест ӯ бемор аст ва аз ин қазия хабар надорад.
Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва шореҳи байнулмилалии газетаи «Время новостей» Аркадий Дубнов ба хабаргузории Фергана.Ру изҳор доштааст, ки сарчашмаҳои воломақоми дипломатии ӯ дар Вазорати умури хориҷии Русия ва кишварҳои минтақа низ иттилоот дар бораи хориҷ шудани Ӯзбекистон аз ЕврАзЭС-ро тасдиқ кардаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста