Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои намоишгоҳи байнулмилалии «Агрофуд-2008» бо иштироки ҳудуди 50 соҳибкорон аз Тоҷикистон, Эрону Чин ва Туркия ҳамоиши тиҷоратӣ баргузор шуд.
Тавре аз палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони ширкатҳои истеҳсоли трактори «Тоҷ-Ирон», корхонаи қаннодии «Ширин», маркази савдои ноҳияи Восеъ ва КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» ширкат варзида, бо ҳамтоҳои хориҷии худ атрофи масоили роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.
Зикр гардид, ки зимни гуфтушунид намояндагони 40 ширкату корхонаҳои Эрон ва ширкати тиҷоратии «СанБин»-и Чин омодагии худро баҳри ҳамкорӣ изҳор кардаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, соҳибкорони тоҷик дар бахши кишоварзӣ аз ҳамтоҳои эронии худ оид ба имконоти дастрас кардани комбайнҳои ҳосилғундор тариқи қарз ё лизинг дархост кардаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста