Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистон суръати баландтарини маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус Кумитаи омори ИДМ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми чунин намуди маблағгузорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 77,5 дарсад афзудааст ва ин дар ҳолест, ки 70 дарсади онро маблағгузориҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Хабар дода мешавад, ки чунин афзоиш дар Тоҷикистон аз ҳисоби сармоягузориҳо ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ ба амал омадааст. Ин нишондиҳанда дар Озарбойҷон ба 38, Белорус - 23, Ӯзбекистон - 19, Русия - 13,1, Арманистон - 12, Молдова - 9 ва Украинаву Қазоқистон - 8,2 баробар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста