Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Таруфаи пастарини истифода аз нерӯи барқ дар моҳи сентябри соли 2008 миёни кишварҳои узви ИДМ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки барои 100 киловат соат нерӯи барқ аҳолӣ 35,48 рубли русӣ муодил ба 4 сомониву 80 дирам пардохт мекард.
Бино ба маълумоти Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, нархи баландтарини барқ дар Молдова ба қайд гирифта шудааст. Аҳолии ин кишвар барои 100 киловат соат, наздики 288 рубл пардохт мекунанд.
Ва ин дар ҳолест, ки таруфаҳои баландтарини истифода аз гази табиӣ миёни кишварҳои узви Иттиҳод дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Тибқи
маълумоти коршиносони кумитаи омори Иттиҳод, қиммати 1 метри мукааб газ дар ҷумҳурии мо ба 89 рубли русӣ баробар будааст. Таруфаи пасттарин барои истифода аз газ бошад, дар Озарбойчон ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки аҳолии ин кишвар барои 1 метри мукааб газ, камтар аз 1-уним рубл пардохт мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста