Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Коршиносони Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Интер РАО ЕЭС»-и Русия корҳои таҳияи лоиҳаи сохтмони се нерӯгоҳи барқӣ дар Тоҷикистонро оғоз намуданд. Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмии президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ин ширкати русиягӣ Ёддошти тафоҳуми ба роҳ мондани фаъолияти муштарак ҷиҳати рушди лоиҳаҳои энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо расида буд.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷиҳати омодасозии корҳои татбиқи ёддошти мазкур комиссияи дуҷонибаи корӣ таъсис гардид, ки дар Тоҷикистон то инҷониб ду ҷаласа баргузор кардааст.
Қобили зикр аст, ки ба ширкати Русия татбиқи се лоиҳа - Нерӯгоҳи Урфатин дар рӯдхонаи Хингоб, нерӯгоҳи Оббурдон дар рӯдхонаи Зарафшон ва нерӯгоҳи Явроз дар рӯдхонаи Кофарниҳон пешниҳод гардид. «Коршиносон бо маҳали сохтмони иншоотҳо аз наздик шинос гардиданд», - гуфт манбаъ.
Манбаъ ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷиҳати мушаххас сохтани тамоми ҷузъиёти таҳияи лоиҳа гурӯҳи кории муштарак то ахири соли ҷорӣ боз як бори дигар дидору гуфтушунид хоҳад кард. «Интизор меравад, ки заминаи фаниву иқтисодии лоиҳаҳо дар семоҳаи аввали соли 2009 омода хоҳанд гашт ва танҳо баъд ҷонибҳо оид ба алоҳида бунёд намудан ё дар як вақт сохтани се нерӯгоҳ тавофуқ ҳосил хоҳанд кард», - афзуд сарчашма.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста