Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мулоқоти намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе перомуни таъсиси мақомоти байниҳукуматӣ оид ба соҳаи маорифпарварӣ тавофуқи пешакӣ ҳосил гардид.
Тавре директори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Ғафуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, иштирокдорони мулоқот муддати як моҳ ин масъаларо бо ҳукуматҳои кишварашон ҳаллу фасл намуда, дар вохӯрии навбатӣ ба қарори ниҳоӣ хоҳанд расид.
Дар маросими ифтитоҳи мулоқот вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов изҳор дошт, ки вохӯрӣ бо мақсади муҳокимаи имкони таъсиси ташкилоти минтақавии Осиёи Марказӣ дар соҳаи моҳипарварӣ гузаронида мешавад. «Таъсиси чунин ташкилот ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи моҳипарварӣ дар минтақа мусоидат намуда, идора, тавсеъа ва рушди соҳаро таъмин хоҳад кард»,- гуфт ӯ.
Директори КВД «Моҳии Тоҷикистон» ҳамчунин изҳор дошт, ки феълан дар ҷумҳурӣ 8 корхонаи бузург ва 14 хоҷагии моҳипарварӣ амал мекунанд.
Номбурда зикр кард, ки соли равон истеҳсоли моҳӣ ба 131 тонна расидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 15,5 тонна бештар аст.
Ёдрас мекунем, ки мулоқоти намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Русия ва Чин оид ба баррасии масоили мавҷудаи соҳаи моҳипарварӣ дар минтақа аз ҷониби Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва Созмони ҷаҳонии ғизо ва кишоварзии СММ ташкил гардида, он рӯзи 12-уми ноябр анҷом ёфт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста