Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи 10 моҳи соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 13,1 дарсад расид. Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои нӯҳмоҳа ин рақам ба 12,7 дарсад баробар буд.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 1,31 фоизро ташкил додааст ва ин дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда соли гузашта ба 1,49 фоиз баробар буд.
Аз оғози соли ҷорӣ нархҳои маводи ғизоӣ 15 фоиз, маводи ғайриғизоӣ 5 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 21,2 фоиз боло рафтаанд.
Тибқи пешгӯии Хазинаи байнулмилалии асъор, ахири сол мизони таваррум дар Тоҷикистон тақрибан 16 дарсадро ташкил хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол, Хазина дар соли 2009 коҳиш ёфтани арзиши маводи ғизоӣ ва сӯзишвориро ба андозаи 20 дарсад дар сатҳи ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунад.
Ба гуфтаи роҳбари намояндагии Хазинаи байнулмилалии асъор дар Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенинг, коҳиш ёфтани арзиши маводи ғизо ва сӯзишворӣ дар ҷаҳон то андозае афзоиши мизони таваррумро дар ҷумҳурӣ боздошта метавонад. «Ҳудуди 60 дарсади нишондиҳандаи мизони тавррум дар Тоҷикистон ба маводи ғизо рост меояд ва коҳиш ёфтани он ба беҳбуди вазъи қишри камбизоати аҳолӣ мусоидат хоҳад кард», - гуфт ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста