Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл тавассути ҳавопаймои амрикоии навъи
TRISTAR
-
L
1011 гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик иборат аз 360 нафар барои адои маросими ҳаҷ озими шаҳри Макка шуданд.
Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, соли равон 5 ҳазору 200 нафар шаҳрвандони тоҷик ба зиёрати хонаи Каъба мераванд.
Бино ба иттилои манбаъ, аз Душанбе 11 ва аз шаҳри Хуҷанд 3 чунин парвози тайёраҳо ба Арабистони Саъудӣ ба нақша гирифта шудааст ва парвози охирин 30-уми ноябр сурат хоҳад гирифт.
Қобили зикр аст, ки оид ба интиқоли шаҳрвандони тоҷик ба адои маросими ҳаҷ миёни ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва ширкати арабӣ тавофуқ ҳосил шуда буд.
«Шоми имрӯз боз як ҳавопаймои дигар бо зоирини тоҷик роҳ сӯи Макка пеш мегирад», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста