Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз аз сӯи мақомоти гумруки ҷумҳурӣ ягон далели ворид шудани шири хушк ва маҳсулоти ширдошта аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки мамлакат - Абдурасул Шарифов хабар дод.
Ба қавли ӯ, ҳамаи маҳсулоти хӯрокворие, ки ба Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ворид карда мешаванд, танҳо баъди гузаштан аз санҷиши мутобиқат дар мақомоти гумрук ва стандартизатсия ва гирифтани шаҳодатномаи сифат ба фурӯш бароварда мешаванд. «Баъди ирсоли номаи расмии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон ба унвони хадамоти гумрук дар моҳи октябри соли ҷорӣ, ҷиҳати манъ кардани воридоти шири хушк ва маҳсулоти ширдошта аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон, кормандони хадамот назорат аз болои воридоти чунин маҳсулотро пурзӯр кардаанд», - гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, дар асоси хулосаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки моҳи октябри соли равон мунташир гардид, маълум шуд, ки ҳангоми баровардани чунин маҳсулот, бархе аз истеҳсолкунандагони чиноӣ аз маводи ба саломатии инсон зараровари «меланин» истифода мекардаанд. Дар натиҷаи истеъмоли чунин маҳсулот дар сартосари ҷаҳон даҳҳо ҳодисаҳои заҳролудшавӣ ва фавти кӯдакон ба қайд гирифта шудаанд. Бино ба маълумоти Созмон, меламин ҳамчунин дар таркиби шоколадҳои, аз ҷумла Нестле, Кит-кет, Марс, Сникерси истеҳсоли Чин кашф шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста