Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи кишвар дар моҳи декабр боз як соати дигар зиёд карда мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд.
Манбаъ ёдовар шуд, ки имрӯзҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз 7 соат барқ интиқол мешавад ва мутаносибан баъди зиёд шудани он ба як соати дигар, шабонарӯзӣ аҳолӣ 4 соат субҳи ва 4 соат шомгоҳӣ бо қувваи барқ таъмин хоҳад шуд.
Дар хусуси ҳолати таъминот бо барқ дар шаҳри Душанбе бошад, манбаъ мутмаин сохт, ки дар асоси супориши бевоситаи сарвари давлат, дар мавсими кунунӣ оид ба ҷорӣ намудани реҷаи маҳдуди интиқоли барқ дар ҳудуди пойтахт умуман сухан бояд наравад.
Ёдовар мешавем, дар мавсими тирамоҳу зимистони соли гузашта минтақаҳои кишвар аз норасооии барқ шадидан танқисӣ кашиданд. Барқ ба аҳолӣ дар ҳаҷми ниҳоят кам интиқол ёфта, сокинони баъзе манотиқ ҳафтаҳо бе рӯшноӣ буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста