Душанбе. 18 ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - А
малисозии лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳамкорӣ ва шаффофият» аз ҷониби мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри
XXI
» ба анҷом расид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари Мактаби рӯзноманигорӣ Сафо Сафаров иттилоъ дод, мақсади асосии тарҳи мазкур баланд бардоштани сатҳи касбият ва ба роҳ мондани ҳамкории самарабахши кормандони расонаҳои хабарӣ ва марказҳои матбуотии мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ба гуфтаи сарчашма, ин лоиҳаи Мактаби рӯзноманигорӣ тӯли 6 моҳ амалӣ карда шуда, зимнан 3 мизи мудаввари
«Ҳамкории ВАО ва марказҳои матбуотӣ: дастовардҳо ва дурнамо», инчунин сислсилаи давраҳои омӯзишӣ барои 40 нафар рӯзноманигорон ва котибони матбуотӣ гузаронида шуданд.
«Дар чорабиниҳои лоиҳавӣ намояндагони
дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, масъулини марказҳои матбуотии сохторҳои давлатӣ, парлумон ва додгоҳ, кормандони ВАО ва созмонҳои журналистӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ширкат варзиданд, - афзуд С.Сафаров.
- Аз рӯи натоиҷи мизҳои мудаввар «Ёддошти тафоҳум» миёни кормандони марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ ва ВАО-и кишвар ба имзо расида, ҷиҳати омӯзишу баррасӣ ба
дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол гардид».
«Боз як ҷанбаи муҳим он аст, ки Мактаби мустақили рӯзноманигории
«Тоҷикистон – асри
XXI
»
тавассути пурсишномаи таҳиякардаи худ баҳогузории намояндагони ВАО ва марказҳои матбуотии сохторҳои давлатиро ба фаъолияти ҳамдигар муайян намудааст, ки он рӯзҳои наздик натиҷагирӣ ва тариқи расонаҳо интишор мегардад», - таъкид дошт сарвари Мактаби рӯзноманигорӣ.
Ҳамзамон ба қавли С.Сафаров, зимни
татбиқи
лоиҳа
дастури ягонаи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳамкорӣ ва шаффофият» ба ду забон – то
ҷ
ик
ӣ
ва рус
ӣ
таҳияву нашр карда шудааст, ки фарогири тавсияҳои амалӣ барои рӯзноманигорону котибони матбуотӣ ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.
Қобили зикр аст, ки тарҳи мазкур
бо дастгирии Кумитаи Норвежии Ҳелсинки амалӣ гардидааст.
Маълумотнома:
Ташкилоти
ҷ
амъиятии «Мактаби мустақили р
ӯ
зноманигории «То
ҷ
икистон – асри
XXI
» дар моҳи июни соли 1999 таъсис гардидааст. Ҳадафи созмон баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон, рушди бозори иттилоотии Тоҷикистон, ҳамчунин тақвияти рақобатпазирии ВАО-и кишвар аст.
Дар давоми фаъолияти худ ММР
«То
ҷ
икистон – асри
XXI
» ҳудуди 20 лоиҳаро амалӣ кардааст, ки дар шумори онҳо тарҳи фаромарзии «Тоҷикистон – Афғонистон: Пулҳои дӯстӣ», «Рӯзноманигории нав дар Тоҷикистони нав», «Раҳбарӣ дар ВАО», «Маркази захираҳои журналистӣ» ва ғайра мебошанд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаҳо тренингу семинар ва давраҳои омӯзишӣ ҷиҳати боло бурдани малакаи рӯзноманигорон, омӯзонидани назокатҳои истифода аз фановариҳои иттилоотию компутарӣ, меъёрҳои ахлоқи журналистӣ ва ҷанбаҳои дигари касбӣ гузаронида шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста