Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба баргардонидани 100 млн. кВт/соат қарзи аз нерӯи барқи соли гузашта боқимондаро ба Тоҷикистон шурӯъ кардааст ва аллакай 60 дарсади онро баргардонидааст.
Ёдовар мешавем, мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, кишвари мо дар давраи тирамоҳу зимистон аз Ӯзбекистон ба миқдори 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ мегирад ва ба ивази он дар давраи баҳору тобистон ба Ӯзбекистон 900 млн. кВт/соат нерӯи барқ иниқол медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, аз соли гузашта Ӯзбекистон ба миқдори 100 млн. кВт/соат аз Тоҷикистон қарздор мондааст ва феълан онро баргардонида истодааст. «Ҳамарӯза 1-2 млн. кВт/соат барқи Ӯзбекистон аз ин ҳисоб ба ҷумҳурии мо интиқол дода мешавад», - изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки бо пардохти қарз мӯҳлати амали қарордод низ ба анҷом мерасад.
Зикр гардид, ки то ахири соли ҷорӣ ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ду кишвар доир мегардад ва дар он қарордоди нав оид ба таъмини нерӯи барқ дар соли оянда ба имзо хоҳад расид.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», ҳамарӯза ба ҷумҳурӣ тақрибан 8 млн. кВт/соат барқи Туркманистон интиқол дода мешавад. «Дар дохили кишвар дар як шабонарӯз ҳудуди 40 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад»,- афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста