Душанбе. 19-уми ноябр - Пас аз таваққуфи якҳафтаина дар як қатор ноҳияҳои пахтакори вилоятҳои Хатлону Суғд ҷамъоварии ҳосили пахта аз нав шурӯъ шуд. Деҳқонон ният доранд, ки то кӯраки охирин ҳосили имсоларо ҷамъоварӣ намоянд.
Тибқи маълумоти ахири Кумитаи давлатии омори кишвар, то имрӯз кишоварзони вилояти Суғд ба андозаи 49,6 фоиз ва вилояти Хатлон 48,3 фоизи нақша ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ кардаанд.
Ба гуфтаи сардори Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Саидмурод Баҳриддинов, боришоти рӯзҳои ахир сабаби он гардид, ки деҳқонон аз ҷамъоварии ҳосил даст кашанд. Номбурда изҳор дошт, ки дар чанде аз хоҷагиҳои ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав шудгор ва ҷамъоварии ғӯзапоя оғоз шудааст, ки ҳарчӣ барвақт анҷом додани он ба афзоиши ҳосилнокӣ мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки соли равон кишоварзони ноҳияи Данғара нахустин шуда аз иҷрои нақша мужда расониданд. Маъмулан маъракаи ҷамъоварии пахта бо бориши барфи авал - ахири моҳи ноябр ё аввали моҳи декабр ба анҷом мерасад.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар масоҳати 254 ҳазору
Тибқи маълумоти ахири Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ содироти нахи пахта дар ҳаҷми умумии содироти моли кишвар 7,2 фоизро ташкил дода, ба хориҷи кишвар ба маблағи $89,5 млн. нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи миқдор 20,5 ҳазор тонна ва аз рӯи арзиш $8,1 млн. камтар аст.
Нахи пахтаи ҷумҳурӣ асосан ба Русия (39,9%), Эрон (26,4%), Ӯзбекистон (9,6%), Латвия (7,9%), Булғористон (5,5%), Белорус (3,5%), Украина (2,3%), Чин (0,3%) ва Британияи Кабир (0,2%) бароварда шудааст.
Қимати миёнаи нахи пахта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи $221 афзуда, феълан барои 1 тонна $1336-ро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста