Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нишасти матбуот
ӣ
сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии
ҷ
умҳур
ӣ
Саидмурод Баҳриддинов изҳор дошт, ки пахта зироати стратег
ӣ
То
ҷ
икистон буд, ҳаст ва чунин хоҳад монд. Номбурда зикр кард, ки соли 2009 дар То
ҷ
икистон барои кишти зироати стратег
ӣ
250 ҳазор га замини кишт
ҷ
удо карда мешавад, ки ин миқдор нисбат ба соли гузашта 3 ҳазор га камтар аст.
Мутахассисони соҳа бар ин назаранд, ки ба кам кардани замини кишти пахта афзоиши кишти зироати ғалладона дар заминҳои об
ӣ
боис гаштааст ва соли равон афзоиши кишти ин навъи зироат ва ҳамчунин картошкаву дигар зироатҳо ба андозаи ду баробар ба нақша гирифта шудааст.
Соли равон дар
ҷ
умҳур
ӣ
дар масоҳати 253 ҳазор га кишти пунбадона гузаронида шуда, он ба иллатҳои гуногун танҳо дар 237 ҳазор га нашъунамо ёфтааст. Соли 2007 ин рақам ба 254 ҳазору 279 га баробар буда, 419 ҳазору 597 тонна ё худ 76,3 фоизи нақша ҳосил
ҷ
амъовар
ӣ
карда шуд. То имрӯз дар кишвар тақрибан 331 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84 ҳазор тонна камтар аст.
С.Баҳриддинов сабаби ҳосили ками имсоларо дар кам кардани замини кишт, хушксолӣ, камобӣ ва норасоии нуриҳои минералӣ маънидод кард. «Дар вилояти Суғд ба иллати камобӣ аз 76 ҳазор га кишти пахта танҳо дар 63 ҳазор га нашъунамои хуби он таъмин гардиду халос», - гуфт ӯ.
Ба қавли С.Баҳриддинов, соли равон заминҳои кишти пахтаи ҷумҳурӣ ҳамагӣ бо 30-40 фоизи талабот ба нурии минералӣ таъмин карда шуданд.
Дар мавриди таъминот бо техникаи кишоварзӣ номбурда иброз дошт, ки ба туфайли таъсиси КВД «Тоҷикагролизинг» аллакай дар ҷумҳурӣ 26 нуқтаи хизматрасонии техникаи кишоварзӣ амал мекунанд. «Тайи ду соли ахир ба ҷумҳурӣ 1,2 ҳазор трактор ворид гардид ва агар кор бо чунин суръат идома ёбад, дар зарфи 3-4 соли оянда мушкилоти таъминоти бахши кишоварзӣ бо техника пурра ҳал хоҳад шуд», - афзуд С.Баҳриддинов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста