Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ба вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ҳанӯз супорише аз тарафи ҳукумати мамлакат бобати коҳиш додани суръати корҳои сохтмонии нерӯгоҳи обию барқии «Рогун» ва дигар нерӯгоҳҳои бунёдшаванда дода нашудааст. Ин матлабро имрӯз сардори Раёсати сохтмони асосии вазорати энергетика ва саноати мамлакат - Хайрулло Сафаров баён кард.
Вай зимни шарҳи тавсияи чанде қабли раҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди коҳиши суръати корҳои сохтмонии иншооти азими кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳи обию барқии «Роғун» бинобар сабаби бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ гуфт, ки Тоҷикистон таври маълум, дар ҳоли ҳозир сохтмони нерӯгоҳи Роғунро аз ҳисоби маблағҳои худ анҷом медиҳад ва ба ин сабаб, ки иқтисоди кишвари мо бо иқтисоди ҷаҳонӣ робитаи зич надорад, моро зарур нест, ки суръати корҳои сохтмониро коҳиш диҳем.
Ба гуфтаи Сафаров, бунёди нерӯгоҳи «Роғун» тибқи реҷаи қаблан ба нақша гирифташуда сурат мегирад. Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ барои сохтмони ин нерӯгоҳ 110 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Соли оянда ҳукумати кишвар ният дорад, барои идома додани корҳои сохтмонии нерӯгоҳи «Роғун» 533 миллион сомонӣ ҷудо кунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста