Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо ҳайати намояндагони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо масоили рушди соҳаи пахтакории кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба ҳайати намояндагони бонк президенти «Вока консулт» Красимир Киряков, мушовир Лилия Велчева ва таҳлилгар Муҳаммад Додобоев шомиланд.
Тавре сухангӯи вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, зимни мулоқот вазири кишоварзии ҷумҳурӣ изҳор доштааст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри ҳалли масъалаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор Маркази идораи лоиҳаҳои ҳалли қарзи хоҷагиҳо ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ таъсис додааст. Дар ин лоиҳаҳо ҷалби сармояҳои хориҷӣ ҷиҳати таҳияи асноди таъсиси анборҳои гумрукӣ пешбинӣ шудааст ва сафари намояндагони бонк низ бо ҳамин мақсад амалӣ мегардад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот зикр гардидааст, ки барои ташкили анборҳои гумрукӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон биноҳо ҷудо карда шуданд ва соли оянда кушода гардидани онҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ин анборҳо нахи пахта нигаҳҳдорӣ хоҳад шуд. Қ.Қосимов изҳори боварӣ намудааст, ки барои нигаҳдории дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ низ чунин анборҳо сохта хоҳанд шуд.
Намояндагони бонк тӯли як ҳафта бо биноҳои ҷудогардида барои ташкили анбор аз наздик ошно хоҳанд шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста