Душанбе. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Баткени Қирғизистон зимни мулоқоти котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ва Қирғизистон Адахон Мадумаров масоили аломатгузорӣ ва муайян кардани хати сарҳади кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Тавре аз Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо рафти иҷрои қарордоди дар мулоқоти моҳи апрел дар Исфара баргузоршударо муҳокима хоҳанд кард. Қобили зикр аст, ки моҳи апрел дар мулоқоти Исфара масоили мубориза бо ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккил, баргузории амалиёти муштарак ҷиҳати мудофиаи марзи кишварҳо ва танзими вазъҳои баҳсбарангез дар марз мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.
Дар он мулоқот дар сатҳи раисони вилоят ва ноҳияҳои сарҳадӣ ташкили ситоди пешгирӣ ва ҳалли вазъҳои баҳсӣ дар марз қарор қабул шуда буд. Ҳамзамон ҷонибҳо ба мувофиқа расида буданд, ки то муайян кардану аломатгузории хати сарҳади кишварҳо дар қаламравҳои баҳснок ягон фаъолияти хоҷагидорӣ бурда нашавад. «Бо ташаббуси Тоҷикистон аз марзбонони қирғиз дархост шуда буд, ки ҷиҳати беҳбуди шароити равуои бемалоли шаҳрвандони тоҷик ба деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара дар бораи аз байн бардоштани посгоҳи марзии «Бедак» чораҷӯӣ намоянд», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста