Хуҷанд. 29-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар вилояти Суғд коҳиши нархи бензин ба мушоҳида мерасад.
Тавре аз мақомоти дахлдори ҳукумати вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл арзиши бензин ба 3 сомониву 40 дирам баробар буд. «Феълан арзиши он дуним сомониро ташкил медиҳад», - изҳор дошт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ бобати гузаронидани санҷиши нархи бензин вобаса ба коҳиш ёфани арзиши он дар бозори ҷаҳонӣ супориши махсус дода буд.
Ба иттилои манбаъ, феълан ба вилояти Суғд ширкатҳои «Газпромнефт», «НАРУ» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва «Муқумов» (ноҳияи Конибодом) маводи сӯзишворӣ ворид месозанд. «Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ин ширкатҳо ба вилоят асосан аз Русия 2 ҳазору 512 тонна бензин ворид карданд», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста