Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Соли ҷорӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт чорабиниҳои солинавӣ гузаронида намешаванд. Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе - Маҳмадсаид Убайдуллоев, соли ҷорӣ гузаронидани шоу-чорабиниҳои анъанавии солинавӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт дар асоси муқаррароти қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» манъ карда шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳр - Шавкат Саидов хабар дод, аз ин ба баъд дар майдони марказии шаҳр танҳо чорабиниҳои давлатӣ гузаронида мешаванд. «Дар майдони «Дӯстӣ» танҳо гузаштҳои низомӣ ва намоишҳои идона бахшида ба идҳои давлатӣ, инчунин чорабиниҳо ба ифтихори ташрифи ҳайатҳои баландмақоми хориҷӣ ба Тоҷикистон баргузор мешаванд», - гуфт Саидов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста