Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Аз рӯзи 27-уми ноябр гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон муваққатан аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуданд. Дар ин бора имрӯз аз Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи гузаргоҳҳои марзии ду кишвари ҳамсоя убури шаҳрвандонро ба ҳарду тараф қатъ сохтанд. «Чунин қарор аз ҷониби Ӯзбекистон бидуни огоҳии мақомоти Тоҷикистон сурат гирифт», - изҳор дошт сарчашма.
Дар ҳамин ҳол, раҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки феълан масъалаи мазкур миёни вазоратҳои умури хориҷии кишварҳо дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд, ки дар фурсати наздиктарин масъала ҳал хоҳад шуд, вале аз шарҳи сабабҳои ин амал худдорӣ карданд. «Айни замон мо ба таври маъмулӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти сафари Ӯзбекистонро доранд, раводид медиҳем», - гуфтанд дар сафорат.
Коршиносон бар ин назаранд, ки масъалаи баста шудани марзҳои кишвари ҳамсоя ба таҷлили ҷашни давлатии Ӯзбекистон - Рӯзи қабули Конститутсия (8-уми декабр) марбут аст. Қаблан низ Ӯзбекистон пеш аз маъракаи интихоботи президент ва таҷлили ҷашни Истиқлолдият марзҳоро мебаст.
Тибқи иттилои намояндаи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, феълан марзбонони ӯзбек танҳо ба дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандони тоҷике, ки ба ватан бармегарданд, иҷозати убури сарҳадро медиҳанд.
Ёдрас мекунем, ки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон тартиби убури марз тавассути раводид аз соли 2001 амал мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста