Душанбе. 2-юми
декабр -
Ҷамъияти саҳомии кушоди «Бонки Эсхата» ояндаи наздик ният дорад, дар ҷумҳурӣ боз 5 шӯъбаи нав боз намояд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз бонки мазкур хабар доданд.
Дар ҳамин ҳол АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ба
таъсиси
бонки «Эсхата» 14
сол
пур
шуд. Раиси бонк
Хуршед
Носиров
дар
ҷараёни
ҷамъомади ботантанаи
ба ин муносибат баргузоргардида изҳор
намуд, ки
бонки
«Эсхата»
нахустин
бонки
тиҷоратии
Тоҷикистон
буда,
барои рушди
тиҷорати
хурду
миёна
дар
мамлакат
нақши
муҳим
мебозад.
Бонк
соли
аввали
таъсис ёфтанаш
ҳамагӣ
24
мизоҷ
дошт,
ҳоло
кормандони он
ба
бештар аз
12
ҳазор
нафар
тоҷирону
соҳибкорон
хизмат
мерасонанд. Қариб
80
фоизи
маблағи
қарзи
бонк
барои рушди
тиҷорат сарф
карда
мешавад.
Бонки «Эсхата»
дар
натиҷаи
ҷорӣ
кардани хизматрасониҳои
иловагӣ,
беҳтар
кардани
сифати он,
кушодани
филиалҳои
нав
дар
минтақаҳои
гуногуни
мамлакат,
такмили
низоми
идорӣ,
истифодаи
технологияҳои
иттилоотӣ ва
воситаҳои
нави
техникӣ
ба
натиҷаҳои
калон ноил
гардид. Айни
ҳол дар
вилояти
Суғд
6
филиали
бонк,
дар
қисмати
ҷанубии
мамлакат
ду
филиали он ва
дар
саросари
ҷумҳурӣ
бештар аз 100
бунгоҳи
ҳаволаи пул
фаъолият
доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста