Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Аз 1-уми ноябр то имрӯз аз Туркманистон ба Тоҷикистон тақрибан 210 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.
Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар як шабонарӯз тавассути низмои энергетикии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 7 млн. кВт/соат барқи Туркманистон интиқол меёбад ва то ахири сол ҳаҷми интиқоли он бояд ба 400 млн. кВт/соат расад.
Қобили зикр аст, ки интиқоли нер
ӯ
и барқи Туркманистон ба кишвари мо тавассути низоми энергетикии
Ӯ
збекистон аз 1-уми ноябр шур
ӯ
ъ шуд. Тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону То
ҷ
икистон,
кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба То
ҷ
икистон ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон дар ҳа
ҷ
ми 1,2 млрд. кВт/соат нер
ӯ
и барқ интиқол диҳад. Мувофиқи маълумоти ширкат, Тоҷикистон барои 1 кВт/соат нерӯи барқи Туркманистон 3 сент ва барои транзити он ба Ӯзбекистон 0,3 сент маблағ пардохт мекунад.
Бино ба иттилои манбаъ, аз соли гузашта Ӯзбекистон барои интиқоли барқ ба миқдори 100 млн. кВт/соат аз Тоҷикистон қарздор мондааст ва феълан онро пурра баргардонидааст. Айни замон дар дохили кишвар дар як шабонарӯз ҳудуди 40 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад. Ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбори бузургтарини ҷумҳурӣ - Норак 220 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар мавсими тирамоҳу зимистон Тоҷикистон аз норасоии 3,5-4 млр. кВт/соат нерӯи барқ танқисӣ мекашад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста