Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар нишасти матбуотӣ муовини раиси «Амонатбонк» Абдуқаҳҳор Қодиров изҳор дошт, ки ҳамаи пасандозҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар бонк нигаҳдорӣ мешаванд, таҳти ҳимояти давлат қарор доранд. «Агар ин пасандозҳо аз бӯҳрони молиявӣ зарар бинанд, давлат ҷуброни онро кафолат медиҳад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи муовини раиси бонк, бӯҳрони молиявии кунунӣ мустақиман ба низоми молиявии ҷумҳурӣ таъсир нахоҳад гузошт, зеро сармояи бонкии ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҳузур надорад ва ҳамчунин сармояи онҳо низ дар низомии бонкии кишвар чандон назаррас нест. «Дар Тоҷикистон танҳо бонкҳое, ки аз хориҷи кишвар ба миқдори зиёд сармоягузорӣ мешаванд, хисорот бардошта метавонанд, вале тибқи маълумоти ба ман расида, дар Тоҷикистон чунин бонкҳо нестанд», - афзуд А.Қодиров.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста