Душанбе. 3-юми декабр - Корхонаи воҳиди давлатии   «То ҷ икниҳолпарвар» - и   Вазорати кишоварзии ҷ умҳур ӣ бо қувваю маблағи худ 745,2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногун парвариш мекунад, ки фасли баҳор минтақаҳои гуногуни мамлакат кӯчат карда мешаванд.

  Аз ин ҷ умла 449 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, бештар аз 136 ҳазор бех   ток, 59,2 ҳазор бех тут ва 100,2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороиш ӣ мебошад. Ҳоло дар 13 ноҳияи мамлакат хо ҷ агиҳои ниҳолпарвар ӣ фаъолият доранд.              

  Корхонаи воҳиди давлатии «То ҷ икниҳолпарвар» ҳар сол то 1,7 миллион бех ниҳол тайёр мекунад. Ҳамаи онҳо ба талаботи   стандарти давлат ӣ мувофиқ буда, ба шароити маҳалҳои мамлакат мутобиқ гардонда шудаанд. Бояд гуфт, ки соҳаи ниҳолпарвар ӣ ба иқтисодиёти ҷ умҳур ӣ фоидаи калон мерасонад. Бинобар ин барои пешрафти он тадбирҳои самарабахш андешида мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.